Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
рушди қобилияти эҷодии кормандон, мазмуннокии кор, аз байн бурдани бегонашавӣ аз меҳнат, мусоидат намоянд.
Ташкилот вобаста аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии фаъолияти истеҳсолиаш метавонад асосноккунии меъёри меҳнатро дар самти дилхоҳаш пуркуваттар намояд. Масалан, агар нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ - психофизиологии фаъолияти ташкилот дар дараҷаи паст қарор дошта бошанд, он гоҳ ба асосноккунии самтҳои мазкурӣ меъёри меҳнат аҳамияти бештар бояд дода шавад.
Чен кардани меҳнат бо истифода аз усул ва воситаҳои гуногун сурат мегирад, чунончӣ: бааксгирии вақти корӣ, хронометраж ва усули мушоҳидаҳои лаҳзавӣ.
Бааксгирии вақти кориро дар ҳолати ба миён омадани зарурати омӯзиши хароҷоти вақти корӣ дар давоми рӯз ё қисме аз он истифода мебаранд. Истилоҳи «бааксгирӣ», аз тарафи мушоҳидачи қайд кардани хароҷотҳои вақти кориро дар варақаи махсус, ифода мекунад. Ҳангоми анҷом додани ин амал, мушоҳидачи бояд соати ақрабакаш сониянишондеҳро истифода барад. Мушоҳидачи ба аксгирӣ аз оғози рӯзи корӣ шурӯъ карда, онро дар лаҳзаи анҷоми рӯзи корӣ ба итмом мерасонад.
Бааксгирии вақти кориро метавон бо мақсадҳои гуногун истифода бурд. Аввалан, он бо мақсади муайян кардани сарфи оқилонаи вақти корӣ, ошкор кардани сабабҳои гуногуни талафоти вақти корӣ ва кор карда баромадани чорабиниҳо ҷиҳати бартараф кардани ин камбудиҳо истифода бурда мешавад. Дар ин ҳолат бааксгирии вақти корӣ бе даровардани тағйирот ба шакли ташкилии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо