Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

амалкунанда, анҷом дода мешавад. Ба сифати объекти мушоҳида, дар ин ҳолат бояд ҳамаи кормандони дар қитъаи мазкур машғули кор буда, қарор гиранд.

Мақсади дуюм аз истифодаи бааксгирии вақти корӣ, омӯзиши усулҳои нави ташкили меҳнат ба ҳисоб меравад. Дар асоси чунин омӯзиш, паҳлуҳои манфию мусбии шакли нави ташкили меҳнат дар самти самаранок истифодабарии вақти корӣ, ошкор карда мешавад, ки дар оянда барои ба як қарори дурусту оқилона омадан хизмат менамояд. Дар ин ҳол, ба мақсад мувофиқ аст, ки ба сифати объекти мушоҳида ҳамон кормандоне қарор гиранд, ки бо шакли нави ташкили меҳнат кор мекунанд.

Мақсади сеюм аз истифодаи ин усул, муқоисаи сарбории ҳақиқии корманд бо сарбории имконпазири ӯ дар ҳолати амалӣ кардани ягон чорабинии ташкилӣ - техникӣ мебошад. Дар ин ҳолат бааксгирии вақти корӣ то ҷорӣ кардани чорабинии банақшагирифташуда, вале баъди бартараф кардани талафоти вақти корӣ амалӣ карда мешавад. Маълумотҳое, ки аз натиҷаҳои бааксгирии вақти корӣ ба даст меоянд, барои муайян кардани имкониятҳои баландбардории ҳосилнокии меҳнат аз ҳисоби беҳдошти ташкили меҳнат ва истеҳсолот ва ҳамчунин аз ҳисоби кор карда баромадани меъёрҳои оқилонаи вақти корӣ истифода бурда мешаванд.

Вобаста ба объекти мушоҳида, бааксгирии вақти корӣ се намуд дорад:

  1. бааксгирии истифодабарии вақти кории кормандон (фардӣ, гурӯҳӣ, маршрутӣ, худааксгирӣ);

  2. бааксгирии вақти истифодабарии таҷҳизот;

  3. бааксгирии ҷараёни истеҳсолӣ.

пешина
аз 496
навбатӣ