Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

-барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;

-барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозӣ гӯён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар му

ддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

  • ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли қорие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсатӣ.

Агар корманд бинобар асосҳои зерин аз кор озод шуда бошад, маблағ барои ин рӯзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад:

-барҳам хӯрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди қории кормандон (сархати якуми қисми 1 моддаи 42 ҚМ ҶТ);

-қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ҳангоми ошкор гардидани номувофикатии

пешина
аз 496
навбатӣ