Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
корманд ба вазифаи (мансаби) ишғол кардааш ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад (сархати дуюми қисми 1 моддаи 42 КМ ҶТ);
-
ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад (сархати панҷуми қисми 1 моддаи 42 КМ ҶТ);
-
ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд (сархати якуми моддаи 48 КМ ҶТ);
-
ҳангоми фиристондан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолате, ки дар рӯзи аз кор озод шудани корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад;
-
ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (моддаи 189 КМ ҶТ).
Музди меҳнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисоби нодуруст аз корманд рӯёнидан мумкин нест. Корфармо уҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад. Андозаи умумии нигоҳдошташаванда аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромадҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо