Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 2. САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ МЕҲНАТ

2.1. Мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат, намудҳо ва низоми онҳо

Дар адабиёти илмӣ таърифҳои гуногуни мафҳуми сарчашмаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат оварда мешаванд. Аз ҷумла, ба назари В.Л. Гейхман зери ин мафҳум шакли ҳуқуқ ва ё шакли берунии ҳуқуқ фаҳмида мешавад7. Умуман ҳамаи шарҳу тафсирҳои ин мафҳум шакли зоҳирии ифодаёбии санадҳои меъёрии ҳуқуқиро маънидод мекунанд, ки одатан сарчашмаҳои ҳуқуқ номида мешаванд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат дар қиёс ба сарчашмаҳои дигар соҳаҳои ҳуқуқ хеле гуногунанд. Сабаби гуногунии онҳо аз ҳамбастагии зиёди соҳаи ҳуқуқи меҳнат ба дигар соҳаҳои ҳуқуқ мебошад. Илова бар ин, тавре ки дар мавзӯи вобаста ба мафҳум ва предмети ин соҳаи ҳуқуқ гуфта гузаштем, ҳуқуқи меҳнат илова ба муносибатҳои мушаххаси меҳнатӣ инчунин, муносибатҳои дигари ҷамъиятии ба меҳнат алоқамандро низ танзим мекунад. Ин омил боиси фарохтар ва гуногун будани сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат мебошад.

Бо назардошти ин сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат он санадҳои меъёрие мебошанд, ки ба танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои алоқаманд ба меҳнат равона шудаанд.

7 Гейхман В.Л. [и др]. Трудовое право: учебник для прикладного бакалавриата; под редакцией В.Л.Гейхмана- 2-е изд., перераб. и доп.- Москва: Издательство Юрайт, 2019-382 с.

пешина
аз 496
навбатӣ