Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Онҳо аз рӯи он шаклҳои ҳуқуқие фарқ мекунанд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳатмӣ ё дигар қоидаҳои аз номи давлат қабулшуда инъикос карда мешаванд. Номгӯи сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи хусусияташон ба чунин гурӯҳҳо тақсимбандӣ кардан мумкин аст:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;

-қонунҳо, кодексҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим мекунанд;

-санадҳои шарикии иҷтимоӣ: созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ;

-қоидаҳои локалие, ки аз ҷониби корфармоён бо назардошти фикри мақоми намояндагии кормандон қабул гардидаанд ва дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд.

Аз гурӯҳбандии сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат бармеояд, ки онҳо ҳамчун натиҷаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатӣ, инчунин ҳуқуқэҷодкунии муштараки корфармоён ва кормандон (намояндагони онҳо) дар соҳаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд фаҳмида мешаванд. Зимнан, шаклҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат ва қувваи ҳуқуқии онҳо бевосита аз иерархияи (пай дар пайи) мақомоти давлатӣ, ваколатҳои

пешина
аз 496
навбатӣ