Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

музди иловагӣ бо дастуруламал дар бораи пардохти музди меҳнати иловагӣ ба кормандон дар мавриди бо айби корфармо ба таъхир афтодани пардохти музди меҳнат ки бо Фармоиши якҷояи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз 25.12.2008, №75 тасдиқ шудааст, муайян гардидааст.

Мутобиқи талаботи моддаи 134 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сари вақт напардохтани музди меҳнат ҳангоми набудани аломати ҷиноят, нисбати шахсони масъул ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда шудааст. Тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 153¹), дар мавриди аз ҷониби корфармо беш аз ду моҳ пардохт нашудани музди меҳнат, роҳбари корхона, муассиса ё ташкилот, новобаста аз шакли моликияташ, агар ин кирдор бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ содир шуда бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

13.3. Низоми пардохти музди меҳнат

Дар пардохти музди меҳнат ба низоми пардохти он, инчунин тартиби муайян намудани он аҳамияти калон дода мешавад (моддаҳои 139, 141, 146).

КМ ҶТ муайян мекунад, ки музди меҳнати корманд тибқи шартномаи меҳнатӣ мутобиқи низоми музди корфармо муқаррар карда мешавад (қисми 1 моддаи 139). Ин муқаррарот ба меъёрҳо оид ба шартномаи меҳнатӣ ва мазмуни он, ки ба таври хатмӣ шароити музди меҳнат (аз ҷумла андозаи музди меҳнат), пардохтҳои иловагӣ,

пешина
аз 496
навбатӣ