Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кӯмакпулиҳо ва пардохтҳои ҳавасмандгардониро дар бар мегирад, мувофиқат мекунад (қисми 2 моддаи 24 КМ ҶТ).

Ҳамин тариқ, музди меҳнат барои корманд тибқи шартномаи меҳнатӣ мутобиқи низоми пардохти музди барои ин корфармо амалкунанда, муқаррар карда мешавад. Ба низоми музди меҳнат андозаи меъёрҳои тарифӣ, маош (маоши мансабӣ), иловапулиҳо ва изофапулиҳо, ки хусусияти ҷубронӣ доранд, аз ҷумла барои кор дар шароити ғайримуқаррарӣ, низоми пардохтҳои иловагӣ ва мукофотпулиҳо, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ доранд дохил мешаванд. Ин низомҳо тибқи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат тавассути шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, санадҳои меъёрии локалӣ таъсис дода мешаванд.

Тартиби муайян кардани низоми музди меҳнатро шартномаҳои коллективӣ, созишномаҳо, қоидаҳои дохилӣ муқаррар мекунанд. Дар шартномаи коллективӣ бахши махсусе ҷой дорад, ки ба музди меҳнат ва меъёрбандии меҳнат бо муайян кардани низоми музди меҳнат бахшида шудааст. Муқаррароти локалии танзими низоми музди меҳнатро корфармо бо назардошти фикри мақомоти намояндагии кормандон қабул мекунад. Чунин санади меъёрии локалӣ метавонад Низомнома дар бораи музди меҳнат, аз ҷумла низоми пардохти музди меҳнат бошад.

Созишномаҳо, алахусус созишномаи соҳавӣ, шартҳои
умумии музди меҳнат, кафолатҳо, ҷуброн ва имтиёзҳоро
барои кормандон муқаррар мекунанд. Дар шартномаи

пешина
аз 496
навбатӣ