Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамзамон, низоми музди меҳнат, ки дар КМ ҶТ ҳамчун низоми тарифӣ ё низоми музди меҳнати кормандони муассисаҳои давлатӣ дарҷ шудаанд, низ бо назардошти маълумотномаҳои дахлдори тахассусӣ муқаррар карда мешаванд.

Низоми тарифии музди меҳнатро моддаи 146 КМ ҶТ муайян намудааст. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рӯи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд. Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои фарқияти музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рӯи коэффициентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон барои фарқияти ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат, инчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рӯзбайъ ва дигар тарифҳо, ки бо назардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо

пешина
аз 496
навбатӣ