Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ҳуқуқи зиёд кардан ё кам намудани зарби тарифиро дар ҳадди як дараҷа вобаста аз тахассус ва дигар тавсифномаи истеҳсолотии кормандро доранд.
Меъёри тарифӣ ва маоши кормандон ба ҳамаи гурӯҳҳои тахассусии касбӣ бо назардошти андозаи ҳадди ақали музди меҳнат муайян карда мешавад. Андозаи дараҷаи якуми ҷадвали тарифӣ аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнати дар тамоми ҷумҳурӣ муқарраршуда набояд кам бошад.
Андозаи боз ҳам баланди муқарраркунии дараҷаи якум, вобаста аст аз мавҷудияти имконияти молиявии корхона, бе ҷалби маблағҳои иловагӣ аз буҷаи давлатӣ иҷозат дода мешавад.
13.4. Шаклҳои музди меҳнат ва низоми мукофотпулиҳо
Ҳангоми муайян кардани андозаи музди корманд барои кори иҷрошуда шаклҳои музди меҳнат нақш мебозанд, ки ин имкон медиҳад, то таносуби байни хароҷот,
натиҷаи меҳнати корманд ва ҳаҷми музди ситонидашаванда ба роҳ монда шавад. Хароҷот ва натиҷаҳои
меҳнатро аз рӯи нишондиҳандаҳои муқарраршуда бо
роҳҳои гуногун ба назар гирифтан мумкин аст: 1) бевосита бо вақти корие, ки барои истеҳсоли маҳсулот, амалиёти меҳнатӣ, иҷрои функцияҳои меҳнатӣ ва ғайра истифода шудааст, яъне вақти воқеан кор кардашуда; 2) шумораи маҳсулоти истеҳсолшуда ё амалиёти меҳнатии иҷрошуда. Вобаста ба усули баҳисобгирии хароҷоти меҳнат
ва натиҷаҳои нишондодашуда музди меҳнат ё аз рӯи шумораи вақти кор кардашуда муайян карда мешавад, яъне

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо