Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

шакли (низоми) соатбайъи музди меҳнат муқаррар карда мешавад ё пардохт бо меъёрҳои пешакӣ барои ҳар як воҳиди маҳсулот ё амалиёти иҷрошуда пардохта мешавад, ки ҳамчун шакли (низоми) корбайъи музди меҳнат тавсиф мешавад.

Шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронӣ доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда шуда, тафриқабандии (дифференсатсияи) андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад (моддаи 149 КМ ҶТ). Шакл ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Шакл ва низоми музди меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

Ҳамин тариқ, одатан шакли пардохти музди меҳнати вақтбайъ ва корбайъ татбиқ карда мешавад. Ҳангоми шакли пардохти музди меҳнати соатбайъ музди меҳнати кормандон аз рӯи меъёри тарфии моҳҳо, рӯзҳо ва соатҳо пардохт карда мешавад. Низоми музди меҳнати вақтбайъ дар таҷриба васеъ истифода бурда мешавад. Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрон кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад. Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани

пешина
аз 496
навбатӣ