Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

конститутсионӣ ва салоҳияти онҳо вобастаанд, ки тибқи қонунҳои амалкунанда ба онҳо дода шудаанд.

Дар соҳаи меҳнат ва муносибатҳои бевосита ба он алоқаманд, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аз ҷониби як қатор мақомоти давлатӣ ба амал бароварда мешавад ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун кормандон, намояндагони онҳо аз як тараф ва корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо аз тарафи дигар, ба ин кор ҷалб карда мешаванд.

Дар асоси ин, мувофиқи мақсад аст то сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат вобаста ба қувваи ҳуқуқиашон ва салоҳияти мақоме, ки онҳоро қабул кардааст, тасниф карда шаванд. Чунин таснифот имкон медиҳад, ки низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат ва мутаносибан ҷойгоҳи онҳо дар ин низом муайян карда шавад. Ин низом дар моддаи 2 КМ ҶТ ифода ёфтааст.

Дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат ҷойи асосиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунад, ки он тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул карда шудааст ва дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Тамоми дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат дар асос ва дар мутобиқат бо Конститутсия қабул карда мешаванд ва дар сурати хилофи он буданашон, эътибори ҳуқуқӣ надошта, меъёру муқаррароти онҳо татбиқ намешавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳо, кафолати таъмини онҳо, аз ҷумла дар соҳаи меҳнатро муқаррар

пешина
аз 496
навбатӣ