Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
муқаррар шудаанд. Ин қафолату ҷубронҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
-рухсатиҳои иловагӣ бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат;
-рухсатиҳои иловагии бе музд;
-пардохти роҳкиро як маротиба дар соли хониш ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ва бозгашт (барои донишҷӯёни шакли ғоибонаи таҳсил);
-кӯтоҳ намудани вақти корӣ.
Барои кормандоне, ки бидуни ҷудошавӣ аз истеҳсолот муваффақона дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, дар давраи соли таҳсил ҳафтаи кории як соат камкардашуда, муқаррар карда мешавад. Хонандагони муассисаҳои мазкур дар давраи соли таҳсил на камтар аз чилу ду рӯзи тақвимӣ (дар мавриди ҳафтаи кории шашрӯза) аз кор озод карда мешаванд. Барои давраи аз кор озод будан, ба корманди бидуни ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилдошта 50 фоизи музди меҳнати ҷойи асосии кор, вале на камтар аз ҳаҷми муқарраршудаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохта мешавад. Ба кормандони бидуни ҷудошавӣ аз истеҳсолот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсилдошта, дар давраи супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ рухсатӣ дода мешавад, ки давомнокиаш 20 рӯзи кориро ташкил медиҳад. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш азнавиштани кори дипломӣ ё супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ камаш як рӯзи аз кор озод будан ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо