Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бо ӯ қатъ шуда бошад.
Корманде, ки ба кор ҳозир нашудааст ё бе сабабҳои узрнок ба кор шурӯъ накандааст, вазифадор аст, ки маблағи ба ӯ пардохташудаи хароҷот барои кӯчонидани ӯ ва аъзои оилааш, инчунин барои интиқоли амволро баргардонад.
Пардохтҳои ҷубронӣ барои истифодаи амволи шахсӣ аз ҷониби корманд тибқи моддаи 182 КМ ҶТ танзим шудаанд. Вақте корманд амволи шахсияш худро бо розигӣ ё хоҳиши корфармо ва ба манфиати ӯ истифода мебарад, ба корманд ҷуброн барои истифода, хурдашавии асбобҳо, воситаҳои нақлиёти шахсӣ, таҷҳизот ва дигар воситаҳо ва маводҳои техникии ба корманд тааллуқдошта, инчунин хароҷоти вобаста ба истифодаи онҳо ҷуброн карда мешавад. Андозаи ҷуброни хароҷот дар ин ҳолатҳо бо созиши байни корманд ва корфармо, ки дар шакли хаттӣ баста шудааст, муайян карда мешавад.
14.4. Кафолатҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки дар як вақт кор ва таҳсил мекунанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки дар як вақт кор ва таҳсил мекунанд як қатор кафолату ҷубронҳо пешбинӣ намудааст. Ҳаҷм ва мундариҷаи онҳо вобаста ба шакли таҳсил фарқ дошта, бо КМ ҶТ (моддаҳои 125-127), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 44) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (моддаи 23)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо