Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 15. ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ
15.1. Мафҳум ва моҳияти ҷавобгарии моддии субъектҳои ҳуқуқи меҳнатӣ
Шартномаи меҳнатӣ, ки асоси муносибатҳои меҳнатиро ташкил медиҳад, ба зиммаи тарафҳои шартнома ҷавобгарии зарари моддии дар натиҷаи иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои шартнома расонидаро вогузор менамояд.
Дар ҳуқуқи меҳнат зери мафҳуми “ҷавобгарии моддӣ” уҳдадории ҷуброни зарари (зарари) ба ҷониби дигар расонидаи тарафи гунаҳкори шартномаи меҳнатӣ, фаҳмида мешавад.
Тибқи назари олимони соҳаи ҳуқуқи меҳнат ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ вобаста аз он ки кадом тараф ба кадом тараф зарар расонидааст, фарқ мекунад: ҷавобгарии моддии корманд барои зарари расонидааш ба истеҳсолот дар натиҷаи амал ё беамалии гунаҳкоронааш ва ҷавобгарии моддии корфармо барои зарари ба корманд расонидашуда дар натиҷаи осеби меҳнатӣ, зарари дигар ба саломатӣ, инчунин вайрон кардани ҳуқуқи корманд ба меҳнат15.
Дар адабиёти дигар бошад қайд мегардад, ки ҷавобгарии моддӣ (дар ҳуқуқи меҳнат) ин уҳдадории як тарафи шартномаи меҳнатӣ оид ба ҷуброни зиёне
15 Ни.: Гейхман В.Л. Трудовое право: учебник для прикладного бакалавриата; под ред. В.Л. Гейхмана. - М.: Юрайт, 2015. - 439 с.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо