Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мебошад, ки ба тарафи дигари ин шартнома расонида шудааст16.

Масъалаи ҷавобгарии моддии субъектҳои ҳуқуқи меҳнат дар боби 13 КМ ҶТ мустаҳкам гардида, тибқи моддаи 183 КМ ҶТ тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст, ҷавобгарии моддии корфармо ва корманд мушаххас карда шавад. Қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз расонидани зарар тарафи шартномаи меҳнатиро аз ҷавобгарии моддӣ барои ҷуброни зарари тарафи дигар озод намекунад.

Бояд зикр намуд, ки ҷавобгарии моддии кормандон мақсадҳои зеринро дорад:

-воситаи пур кардани ҷои зарари моддӣ;

-воситаи пешгирии кирдорҳое, ки сабаби зарари моддӣ шуданашон мумкин аст;

-воситаи тарбияи корманд дар руҳияи ҳисси эҳтиёткорӣ ба амволи корфармо;

-замонати ҳифзи музди меҳнати корманд аз боздоштҳои беасос ва ғайриқонунӣ.

Барои зиёне, ки тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ мерасонанд, мутобиқи Кодекси меҳнати ҶТ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ҷуброн мекунанд.

16 Ниг.: Пашко Я. С. Ограничение материальной ответственности в трудовом праве от гражданско-правовой ответственности // Бизнес в законе. 2008. № 2. С. 225.

пешина
аз 496
навбатӣ