Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Сониян, корманд дар назди корфармо низ ҷавобгарии моддӣ дорад. Масалан, агар ба мазмуни қисми сеюми моддаи 184 КМ ҶТ таваҷҷуҳ намоем, чунин ҳолатҳо барои ҷавобгарии моддӣ ба асос гирифта шудаанд:
-барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;
-барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натиҷаи ҳаракат (беҳаракатӣ) - и корманд.
Корфармо ва корманд дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷавобгарии моддии баробар доранд.
Дар маҷмӯъ, дигар асосҳоеро, ки қонунгузорӣ сабаби сар задани ҷавобгарӣ эътироф намудааст, метавон ба инобат гирифта ва мушкилоти ҷавобгарии моддии корманд ва корфарморо бартараф намуд.
15.3. Намудҳои асосии ҷавобгарии моддӣ
Мутобиқи КМ ҶТ (моддаи 189) корманд барои зарари расонидашуда дар доираи музди миёнаи моҳонаи худ ҷавобгарии моддӣ дорад. Вале, КМ ҶТ ҳолатҳоеро низ пешбинӣ мекунад, ки корманд ӯҳдадор аст новобаста аз андозаи музди миёнаи моҳонааш зарари ба корфармо расонидаро пурра ҷуброн намояд. Бинобар ин, ҷавобгарии моддии корманд дар назди корфармо барои расонидани зарар ба ҷавобгарии пурраи моддӣ ва ҷавобгарии маҳдуди моддӣ тақсим мешавад. Мисол, моддаи 190 КМ ҶТ ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфарморо муқаррар кардааст. Масалан, дар қисми 1 моддаи мазкур

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо