Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд дар назар дошт, ки меъёрҳое ки дар КМ ҶТ дар бораи ҷавобгарии моддии корфармо аз як тараф ва аз тарафи дигар кормандон мавҷуданд, ба таври назаррас аз ҷумла дар робита бо шароити умумии чунин ҷавобгарӣ фарқ мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба мазмуни мафҳумҳои «зарари молумулкӣ» ва «рафтори ғайриқонунии» тарафҳои шартномаи меҳнатӣ дахл дорад. Қонунгузор инчунин, масъалаи муайян кардани ҳаҷми зарари расонидашударо, ки бояд ҷуброн карда шавад ва ӯҳдадории исботи гуноҳи расонандаи зарарро бо роҳҳои гуногун ҳал кардааст.

Ҳамин тариқ, мутобиқи моддаи 184 КМ ҶТ ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натиҷаи кирдори (ҳаракат, беҳаракатии) ғайриқонунии гунаҳгорона ба вуҷуд меояд, агар КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд. Қисми дуюми моддаи болозикр муқаррар намудааст, ки корфармо дар назди корманд чунин ҷавобгарии моддӣ дорад:

-барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ӯ аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст;

-барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;

-барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии корманд расонидааст.

пешина
аз 496
навбатӣ