Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.

Инчунин, ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари ҳангоми иҷрои вазифа расондашуда дар шартномаи меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар карда мешавад.

Сониян, ҷавобгарии моддии корманд ҳамон вақт имконпазир аст, ки агар зарар бо гуноҳи ӯ ба корфармо расонида шуда бошад.

Вобаста аз таркиби субъективӣ, ҷавобгарии моддии пурра метавонад инфиродӣ (фардӣ) ва коллективӣ бошад.

Ҷавобгарии пурраи инфиродии корманд тибқи шартномаи бо корфармо басташуда муқаррар карда мешавад. Тибқи шартнома дар бораи ҷавобгарии пурраи инфиродии корманд, корманд барои норасоии амволи ба ӯ супурдаи корфармо, инчунин зарари расонидаи корфармо дар натиҷаи ҷуброни зарари ба шахсони дигар расонидашуда масъулияти пурраи амволиро ба дӯш мегирад.

Тавре дар боло қайд гардид, вобаста аз таркиби субъективӣ, яке аз намудҳои ҷавобгарии пурра ин ҷавобгарии коллективӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, моддаи 191 КМ ҶТ муқаррар намудааст,
ки ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом
додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ,
коркард, фурӯш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар
истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар
муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яке онҳо ва

пешина
аз 496
навбатӣ