Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бо онҳо бастани шартнома оид ба ҷуброни пурраи зарар, мумкин аст ҷавобгарии моддии коллективӣ ба расмият дароварда шавад.

Байни корфармо ва ҳамаи аъзои коллектив дар бораи ҷавобгарии моддии коллективӣ шартномаи хаттӣ баста мешавад. Ҳангоми ихтиёран ҷуброн намудани зарар дараҷаи гуноҳи ҳар як аъзо бо розигии ҳамаи аъзои коллектив ва корфармо муайян карда мешавад.

Ҳангоми ба тариқи судӣ ситонидани зарар дараҷаи гуноҳи аъзои коллектив аз ҷониби суд муайян карда мешавад.

Масъулияти моддии корфармоён дар истеҳсолот тибқи қонунгузории меҳнат пешбинӣ шудааст (моддаи 187). Корфармое, ки бо гуноҳи ӯ дар истеҳсолот ҳодисаи нохуш ё бемории касбӣ рух додааст, вазифадор аст:

а) маоши кормандони ҷабрдидаро, ки бар асари гум кардани қобилияти корӣ ё коста шудани он аз даст додаанд, дар ҳаҷми пурра дода, пардохти ҳармоҳаи талофии зиёни вобаста ба муваққатан аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, маъюбӣ, фавти ҷабрдида дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё маризии касбӣ ба вуҷуд омадаро таъмин намояд;

б) ёрдампулии яквақтаи ба андозаи на камтар аз даромади солонаи ҷабрдидаро илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин мавридҳо муқарраршуда таъмин намояд.

Дар мавриди аз ҳодисаи нохуш ё бемории касбӣ фавтидани корманд ба оилаи ӯ илова ба маблағе, ки барои ашхоси дар таъминоти ӯ буда муқаррар шудааст,

пешина
аз 496
навбатӣ