Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани ҷуброни зарарро мақоме, ки ҳуқуқи соҳибмулкро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни зарарро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.
Мутобиқи моддаи 197 КМ ҶТ андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, метавонад кам карда шавад. Агар зарар дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани ҷуброни зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.
САВОЛҲОИ САНҶИШӢ
-
Мафҳум ва моҳияти ҷавобгарии моддии субъектҳои ҳуқуқи меҳнатиро тавсиф намоед.
-
Асосҳои ҷавобгарии моддии тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро номбар намоед.
-
Шартҳои ҷавобгарии моддии тарафҳои муносибатҳои меҳнатиро номбар намоед.
-
Намудҳои асосии ҷавобгарии моддиро номбар намоед.
-
Муайян кардани андозаи зарар чигуна сурат мегирад?
-
Кадом зарарҳо пардохт карда мешаванд?
-
Дар кадом ҳолат ба кам кардани андозаи товони зарари аз корманд ба фоидаи корфармо рӯёнидашаванда роҳ дода намешавад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор