Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
БОБИ 16. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ
ГУРУҲИ АЛОҲИДАИ КОРМАНДОН
16.1. Танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ
нарасида
Тибқи КМ ҶТ (моддаи 21) шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синни аққали қабул ба кор аз понздаҳсолагӣ муқаррар шудааст. Он ба муқаррароти Конвенсияи ТБМ, №38 «Дар бораи синни аққали қабул ба кор» мутобиқ буда, ҳамзамон иҷрои як қатор уҳдадориҳои давлатро барои ҳифзи саломатии ноболиғон дар меҳнат бо дарназардошти хусусиятҳои физиологии онҳо талаб менамояд. Бо дарназардошти махсусияти муносибатҳои меҳнатӣ бо ноболиғон ва таъмини кафолатҳо барои онҳо боби 15 КМ ҶТ маҳз ба танзими меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, аз ҷумла ҳифзи меҳнати онҳо бахшида шудааст. Кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо дигар кормандон ҳуқуқи баробар доранд. Ҳамзамон, кормандони ноболиғ дорои имтиёзҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошанд, масалан, дар бахши ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар бахшҳо, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври мушаххас муқаррар шудаанд.
Бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва инкишофи
маънавии ноболиғон Конститутсияи ҶТ дар корҳои
вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок
истифода намудани меҳнати онҳоро манъ намудааст
(қисми 4 моддаи 35). Корҳое, ки истифодаи меҳнати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор