Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тайёр, чун қоида, аз ҷониби корхона анҷом дода мешаванд. Дар ҳолатҳое, ки бо ризоияти тарафайн қабули ашъёи хом ва масолеҳ, инчунин супоридани маҳсулоти тайёр аз ҷониби худи корманди хонакор, бевосита дар корхона сурат мегирад, вақти барои қабул ва супоридан ба вақти кори дохил карда мешавад ва он бо музди кори вақтбай, мутобиқи ҳисоби меъёри тарифии корҳои иҷрошуда, вале на бештар аз меъёри тарифии коргари дараҷаи 2 намуди дахлдори корҳо пардохт карда мешавад.

Азбаски кормандони хонакор вақти кориро бо салоҳдиди худашон тақсим мекунанд, тамоми корҳои иҷронамудаи онҳо бо андозаи якқарата пардохт карда мешаванд.

Бо мақсади барои меҳнати тӯлонии бефосила ҳавасманд гардонидани кормандони хонакор, аз рӯи натиҷаҳои кори солонаи корхона тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи корхона ба онҳо мукофотпулӣ пардохт карда мешавад. Корфармо дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба метавонад мукофотонидани кормандони хонакорро, тибқи Дастуруламал дар бораи мукофотонии барои натиҷаҳои асосии фаъолияти истеҳсолии дар корхона амалкунанда, ба роҳ монад.

Кормандони хонакор ба суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд. Суғуртаи иҷтимоии кормандони хонакор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад. Ҳаққи суғуртаи давлатии иҷтимоиро корфармо ва хонакор бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пардохт менамоянд.

пешина
аз 496
навбатӣ