Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Намудҳои алоҳидаи корҳое, ки кормандони хонакор иҷро менамоянд, мутобиқи қоидаҳои умумии бехатарии зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин шароити манзилӣ - майшии кормандони хонакор, танҳо бо иҷозати мақомоти маҳаллии зидди сӯхтор ва назорати санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъи муносибатҳои меҳнатӣ бо корманди хонакор, тибқи асосҳои пешбиникардаи КМ ҶТ сурат мегиранд.

Корфармо дар мувофиқа бо кумитаҳои иттифоқи касаба метавонад барои кормандони хонакор пардохти корбайъ ё яклухти музди меҳнатро истифода барад. Он дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона дарҷ мегардад.

Пардохти музди меҳнати кормандони хонакор мутобиқи арзиши корбайъ барои корҳои амалан иҷрошуда ё истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи сифатан ҷавобгӯ сурат мегирад. Дар ин маврид барои кормандони хонакор, ки шароити ташкилӣ-техникии кори онҳо ба меъёрҳои коркарди коргарони дар шароити истеҳсолот иҷрокунандаи корҳои ҳамсон наздик мебошад, меъёрҳои барои кормандони мазкур муқарраргардида татбиқ мегарданд. Дар ҳолатҳое, ки кормандони хонакор корро дар шароити дигари ташкилӣ-техникӣ иҷро мекунанд (бо таҷҳизоту олотҳои дигар ва хоказо), корфармо дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касаба ва бо назардошти манфиати иқтисодӣ метавонад барои онҳо меъёри коркардро тибқи шароити мушаххаси иҷрои он дар хона муқаррар кунад.

Дар ин маврид таъмини кормандони хонакор бо ашъёи хом ва масолеҳ, инчунин кашонидани маҳсулоти

пешина
аз 496
навбатӣ