Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
амали созишномаҳо дар ҳолатҳое паҳн мегардад, ки агар корфармо ва кормандон дар ташкилоти муайян барои пешбурди музокира ва имзогузории чунин созишномаҳо муттаҳид бошанд.
Ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ мумкин аст дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардонида шавад.
16.13. Хусусияти танзими меҳнати роҳбар ва аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони ба кор таъйин (интихоб) намудан соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ, шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ
Муносибатҳои меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мутобиқи КМ ҶТ, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шартномаи меҳнатӣ ба амал бароварда мешаванд (моддаи 280 КМ ҶТ). Шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ва ё шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё созиши тарафҳо муқарраршуда баста мешавад. Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ метавонад расмиёти иловагӣ муқаррар карда шавад, ки ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мусоидат намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор