Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
ваколатдори давлатии соҳаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.
Пешравии хизматии хизматчии граждании бо роҳи ба вазифаи баландтар ё ба мақомоти болоӣ гузаронидан таъмин карда шуда, ҳуқуқи афзалиятнокро дар пешравии хизматӣ хизматчии граждание дорад, ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ машғул мешавад.
Такмили ихтисос ва азнавтайёркунӣ, ҳавасмандгардонӣ, кафолат ва ҷубронҳо, пардохти музди меҳнат ва дигар масъалаҳои марбут ба меҳнати хизматчии гражданӣ бо КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим шудааст.
16.12. Хусусияти танзими меҳнати соҳибкорони инфиродӣ
Мутобиқи КМ ҶТ шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад ҳамчун корфармо тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад (қисми 4 моддаи 21 КМ ҶТ)
Соҳибкорони инфиродӣ мустақилона қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнат ва реҷаи кориро бо назардошти талаботи КМ ҶТ тасдиқ менамоянд. Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ бо мувофиқаи корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ муқаррар мегарданд. Соҳибкорони инфиродӣ метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандон ба муҳлатҳое, ки КМ ҶТ муайян намудааст, банданд. Ба муносибатҳои меҳнатӣ бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор