Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

16.14 Хусусияти танзими меҳнати вакилони
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон, судяҳо, хизматчиёни давлатӣ, хизматчиёни
ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ,
инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва
ғайридавлатӣ

Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва
хизматчиёни давлатиро КМ ҶТ бо хусусиятҳои
пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки
шарт ва тартиби махсуси дохил шудан ба хизмат, адои
хизмат ва қатъи он, шароити махсуси меҳнат, пардохти
музди меҳнат, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва
маҳдудиятро муқаррар намудаанд, танзим мекунанд
(моддаи 286 КМ ҶТ). Илова ба муқаррароти КМ ҶТ
муносибатҳои меҳнатӣ бо вакилони Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ бо дигар қонунҳо танзим
мешаванд. Аз ҷумла, бо Қонуни конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви
Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи соли
2001, № 43 кафолатҳои иловагии ҳуқуқи меҳнатӣ ва
иҷтимоии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ
пешбинӣ шудаанд. Тибқи он вакили Маҷлиси
намояндагон баъди ба охир расидани ваколатҳояш бо
ҷои кор таъмин карда мешавад. Мӯҳлати ваколати
вакили Маҷлиси намояндагон ва инчунин даврае, ки
вакили Маҷлиси намояндагон бинобар имконнопазирии

пешина
аз 496
навбатӣ