Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
пардохтшаванда дода мешавад. Ба судяҳо ҳангоми доштани собиқаи корӣ аз рӯи касби ҳуқуқшиносӣ ба муддати зайл рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад:
-
баъди 5 соли собиқаи корӣ - 3 рӯзи корӣ;
-
баъди 10 соли собиқаи корӣ - 5 рӯзи корӣ;
-
баъди 15 соли собиқаи корӣ - 10 рӯзи корӣ;
-
баъди 20 соли собиқаи корӣ - 15 рӯзи корӣ.
Бо хоҳиши судя рухсатӣ мумкин аст қисм-қисм дода шавад ва дар ин маврид давомнокии як қисми рухсатии додашуда набояд аз 14 рӯзи тақвимӣ кам бошад. Судя ба рухсатии бемузд ба мӯҳлати то 60 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад.
Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти 2007, № 233 масъалаҳои қабул ба хизмати давлатӣ (моддаҳои 12, 13), асосҳои қатъи хизмати давлатӣ (моддаи 23), синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ (моддаи 24), ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ (моддаи 32), кафолатҳои меҳнатӣ ба хизматчиёни давлатӣ (моддаи 34), кафолати хизматчии давлатӣ дар мавриди барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ (моддаи 35), музди меҳнати хизматчии давлатӣ (моддаи 36), собиқаи хизмати давлатӣ (моддаи 37), рухсатии хизматчии давлатӣ (моддаи 39), тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии хизматчиёни давлатӣ (моддаи 42) пешбинӣ гардидааст, ки муқаррароти мазкур илова ба меъёрҳои КМ ҶТ бо назардошти махсусияти меҳнати хизматчиёни давлатӣ муносибатҳои меҳнатиро бо онҳо танзим менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор