Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз 1 марти соли 2005, № 90, боби алоҳида (9) оид ба мавзӯи ҳуқуқ ба меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ бахшида шудааст. Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ ба меҳнатро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ амалӣ менамоянд. Барои хизматчиёни ҳарбӣ як қатор кафолатҳои иловагии меҳнатӣ ва инчунин маҳдудиятҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамингуна илова ба КМ ҶТ масъалаҳои танзими меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ, инчунин дигар кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз 3 майи соли 2004, № 544, «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 25 июли соли 2005, № 107, «Дар бораи мақомоти амният» 9 июни соли 2011, № 159, «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» 28 феврали соли 2004, № 10 танзим шудаанд.

САВОЛҲОИ САНҶИШӢ

  1. Мафҳум ва моҳияти танзими меҳнати ноболигонро шарҳ диҳед.

  2. Корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ мебошанд, номбар намоед.

  3. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида чӣ қадар аст?

  4. Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?

пешина
аз 496
навбатӣ