Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Тартиби баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар бобҳои 14 ва 33 КМ ҶТ муайян шудааст.
Сабабҳои баҳсҳои меҳнатии коллективӣ аз манфиатҳои дастаҷамъонаи кормандон бармеоянд, ки дар фароҳам овардан ва тағйир додани шароити меҳнат, аз ҷумла музди меҳнат, инчунин бастан, тағйир додан ё иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ ифода мегарданд.
Сабабҳои баҳсҳои меҳнатии фардӣ бошад, аксар вақт вайрон кардани ҳуқуқҳои меҳнатии корманд аз ҷониби корфармо (роҳбар) мебошанд, ки метавонанд натиҷаи сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ ё дониши нокофии ҳуқуқӣ ва ё зуҳуроти муносибати манфӣ ба риояи қонунгузории меҳнат, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, созишнома, шартномаҳои коллективӣ ва шартҳои шартномаи меҳнатӣ бошанд. Сабабҳои баҳси меҳнатии фардӣ, инчунин сатҳи пасти дониши ҳуқуқии корманд ё иштибоҳи ӯ буда метавонанд.
Тибқи моддаи 198 КМ ҶТ баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар натиҷаи ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат ба миён омада, тартиби ҳалли онҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ба вуҷуд меоянд.
Баҳси меҳнатии фардӣ, баҳси байни корфармо ва корманди собиқ низ шуда метавонад, ки қаблан бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошт. Баҳси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор