Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
муқарраркардаи қонун - аз 14-солагӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо. Аз ин бармеояд, ки кормандони ноболиғ метавонанд дар баҳси меҳнатӣ мавқеи мурофиавии тарафҳои баҳсро ишғол кунанд, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои худро шахсан ҳимоя кунанд.
Ҳангоми муроҷиат ба суд бо даъвоҳо оид ба барқароркунӣ ба ҷои кор, ситонидани музди меҳнат (пардохт) ва дигар талаботе, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд, кормандон аз пардохти боҷи давлатӣ ва хароҷоти судӣ озод карда мешаванд.
Дар ҷараёни баррасии баҳси меҳнатии инфиродӣ, суд тамоми маводи парвандаро баррасӣ мекунад, шоҳидон, коршиносонро мешунавад ва нишондоди онҳоро баҳо медиҳад.
Ҳангоми баррасии баҳсҳои меҳнатии инфиродӣ, суд меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва қонунгузории мурофиавии гражданиро ба роҳбарӣ, инчунин қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат мегирад. Яке аз муҳимтарини онҳо Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2004 «Дар бораи аз тарафи судҳо татбиқ намудани қонунгузорие, ки бастан, тағйир додан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатиро ба танзим медарорад»¹ мебошад.
Бо назардошти ҳама ҳолатҳои парванда, суд қарори
асоснок мебарорад, ки дар он хулосаи суд дар бораи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор