Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мувофиқи моддаи 318 КМ ҶТ, ба пешниҳоди талабот кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд. Талаботи кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабот, барои иштирок кардан дар баррасии баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро интихоб мекунанд. Намояндагони кормандон талаботашонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақомоти намояндагиро таъсис додааст, ба таври хаттӣ пешниҳод мекунанд.

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар намояндагони кормандон, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон интихоб намудааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд. Намояндагони корфармоён-роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассотсиатсияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.

Роҳи асосии ҳалли баҳси меҳнатии коллективӣ, расмиёти мусолиҳа мебошад, ки аз ду марҳила иборат аст:

-ҳалли баҳс бо иштироки миёнарав (моддаи 320 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

-ҳалли баҳс дар арбитражи меҳнатӣ (моддаи 321 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Вазифаи асосии расмиёти мусолиҳа аз он иборат аст, ки ҷонибҳо ба ҳалли барои ҳарду тараф қобили қабул ноил гарданд. Намояндагони тарафҳо, миёнарав, арбитражи

пешина
аз 496
навбатӣ