Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
17.3.3. Баррасии баҳси меҳнатии коллективӣ дар
арбитражи меҳнатӣ
Арбитражи меҳнатӣ мақомоти ҳалли баҳси коллективии меҳнатӣ буда, марҳилаи ниҳоии расмиёти мусолиҳа мебошад. Тартиби баррасии баҳсҳои коллективии меҳнатӣ дар арбитражи меҳнатиро моддаи 321 КМ ҶТ муайян намудааст. Тибқи он, агар тарафҳои баҳси меҳнатии коллективӣ дар комиссияи оштӣ дар давоми даҳ рӯз созиш накунанд, бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, арбитражи меҳнатӣ таъсис дода мешавад.
Ҳайат ва шумораи арбитражи меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс тарафҳо муайян мекунанд. Раиси арбитражи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо аз ҷумлаи аъзои ҳамин арбитражи меҳнатӣ, тасдиқ карда мешавад.
Ба ҳайати арбитражи меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.
Арбитражи меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат, бо иштироки намояндагони мақомоти дигари манфиатдор баррасӣ мекунад.
Арбитражи меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис
ёфтанаш, қарор қабул намояд. Агар тарафҳо қаблан дар
бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори арбитражи меҳнатӣ бароишон ҳатмӣ мегардад. Тарафҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор