Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
меҳнатӣ, барқароркунии ҳуқуқҳои вайроншудаи меҳнат василаи самарабахши ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои корманд мебошад. Дар татбиқи ин назорат Хадамоти назорати меҳнат нақши муҳим мебозад. Хадамоти зикршуда мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои назорату санҷишҳои давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат, қоидаҳои ҳифзи меҳнат, стандартҳо ва меъёрҳои бехатарии меҳнат, гузаронидани экспертизаи шароити меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро дар фаъолияти муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки меҳнати кирояро истифода мебаранд, анҷом медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои назорати риояи қонунгузории меҳнат ба Хадамоти зикршуда ваколатҳои зиёде дода шудааст, аз ҷумла:
-маводҳоро оид ба ҳолатҳои вайронкунии
қонунгузории меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,
инчунин иҷро накардани дастурҳои Хадамот, ки дар
асоси назорату санҷишҳо дода шудаанд, мувофиқи
тартиби муқарраргардида ба суд ва дигар мақомоти
дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд;
-мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
фаъолияти ташкилотҳо, қитъаҳои истеҳсолӣ ва
соҳибкорони инфиродиро то бартараф гардидани
вайронкуниҳои талаботи ҳифзи меҳнат, агар фаъолияти
онҳо ба ҳаёт ва саломатии кормандон таҳдид кунад,
боздорад;
-истифодабарии минбаъдаи либосу пойафзоли
махсуси корӣ ва воситаҳои муҳофизати инфиродиро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор