Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
сурати ба талаботи стандартҳо ва шартҳои техникӣ мутобиқат накардани онҳо манъ кунад;
-
чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва қатъ кардани вайронкуниҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ равона гардидаанд, инчунин чораҳои аз байн бурдани оқибатҳои вайронкуниҳои номбурдаро истифода барад;
-
ба роҳбарони ташкилотҳо дар бораи бекор кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошанд, амрномаҳои иҷрояшон ҳатмӣ диҳад.
Хадамоти мазкур дар доираи салоҳияти ба ӯ додашуда қарор қабул мекунад, ки иҷрои он аз тарафи тамоми ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҳатмӣ мебошад.
Хадамоти зикршуда дар доираи салоҳияташ тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доир ба масъалаҳои меҳнат баррасӣ намуда, ҷазои маъмурӣ таъин менамояд. Масалан, мутобиқи моддаи 94 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла барои беасос бо корманд қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, бе бастани шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул намудан ва ё бе риоя накардани синну соли муқарраршуда қабул намудан ба кор, яктарафа даст кашидани корфармо аз гуфтушуниди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор