Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
-риоя ё иҷро накардани уҳдадориҳо аз рӯи шартномаи (созишномаи) коллективӣ;
-саркашӣ кардан аз қабули талаботи кормандон ва аз иштирок дар созишҳои оштӣ;
-иҷро накардани созишнома;
-аз кор озод намудани кормандон бо сабаби баҳси коллективии меҳнатӣ ё эълон намудани корпартой;
-маҷбур намудан ба иштирок кардан ё иштирок накардан дар корпартой;
-риоя накардани ҳуқуқи маъюбон ҳангоми ба кор қабул намудан;
Боби 8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгарии маъмурӣ дар шакли ҷарима барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муқаррар намудааст:
-риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ (моддаи 133);
-саривақт напардӯхтани музди меҳнат, нафақа, ид-рорпулӣ, кӯмакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ (моддаи 134);
-аз тарафи корфармо риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
-напардохтани маблағи суғурта ё ёрдампулӣ ба шахсони дар истеҳсолот ҷабрдида;
-ғайриқонунӣ ба кор ҷалб намудан, бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ дар бораи назорати риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор