Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ бошад, ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он вогузор шудааст. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 152 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» низомнома ва сохтори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ шудааст, ки тибқи он Хадамоти мазкур мақомоти махсуси ваколатдори марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, соҳаи кӯҳию техникӣ, назорати омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлурғӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишори коркунанда ва техникаи аттраксионӣ фаъолият менамояд.

20.3. Ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва манфиатҳои қонунии кормандон аз ҷониби иттифоқҳои касаба

Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба, нозирон ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон амалӣ менамоянд. Назорати

пешина
аз 496
навбатӣ