Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 21. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ-БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕҲНАТ

21.1. Мафҳуми танзими ҳуқуқӣ-байналмилалии меҳнат

Тибқи сарчашмаҳои илмӣ, танзими ҳуқуқӣ-байналмилалии меҳнат гуфта ин танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи меҳнат, беҳтар намудани шароити он, ҳифзи меҳнат, ҳимояи манфиатҳои инфиродӣ ва коллективии кормандон тавассути шартномаҳои байналмилалии давлатҳо (шартномаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба) ва дигар воситаҳои ҳуқуқии байналмилалӣ фаҳмида мешавад19.

Расман ин муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқии дар санадҳои қабулнамудаи ТБМ, инчунин шартномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибаи давлатҳо гаштанд, ба танзим дароварда мешаванд. Мундариҷаи стандартҳои байналмилалии меҳнат, хусусан маънои универсалии онҳо, ки аз ҷониби СММ ва ТБМ қабул шудаанд, ифодаи мутамарказонидаи таҷрибаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин меъёрҳо объекти омӯзиш, тарзу усул, истифодаи амалии онҳо ва қонуниятҳои муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегиранд.

Мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи ҶТ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқ накунанд, пас меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Аз ин бояд хулосае баровард, ки қисми муайяни конвенсияҳои байналмилалии меҳнат, хусусан он меъёрҳое, ки умумиэътирофгашта мебошанд ва принципҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштаанд, бинобар ин дар баробари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

21.2. Сарчашмаҳои танзими ҳуқуқӣ-байналмилалии меҳнат

Яке аз сарчашмаҳои асосии танзими байналмилалии меҳнат, санадҳои қабулмудаи ТБМ мебошанд.

ТБМ соли 1919 ташкил ёфта, айни замон дар яке аз биноҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷойгир шудааст ва он 175 давлатро муттаҳид месозад. Мақомоти олии ТБМ, ки ҳар сол дар шакли конференсияи байналмилалии меҳнат даъват мешавад, аз намояндагони давлатҳо-аъзои ТБМ иборат мебошад. Ҳар як давлатро дар ТБМ чор намоянда: намояндаи ҳукумат, намояндаи корфармоён ва намояндаи иттифоқҳои касаба муаррифӣ мекунанд.

пешина
аз 496
навбатӣ