Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Мутобиқи Оинномаи ТБМ, яке аз вазифаҳои асосии он, таҳияи стандартҳои байналмилалии меҳнат мебошад. Фаъолияти ТБМ асосан аз қабули конвенсияҳо ва тавсияномаҳо иборат аст. Миқдори онҳо дар соли 2019 ба 394 адад расидааст (аз он 189 конвенсия ва 205 тавсиянома).
Конвенсияҳо ва тавсияномаҳо аз ҷониби конференсияи байналмилалии меҳнат кор карда шуда, барои муҳокима ба комиссияи махсуси таъсисдодаи конференсия пешниҳод мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи ТБМ мебошад. Бояд гуфт, ки саҳми ТБМ дар танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои дар шакли конвенсия ва тавсияҳо қабулкардаи он ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То имрӯз аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи ТБМ эътироф шудаанд.
Дар сатҳи минтақавӣ бошад, сарчашмаҳои танзими ҳуқуқии байналмилалии меҳнат санадҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё қабулшуда ба ҳисоб мераванд.
21.3. Ҳуқуқҳои асосии инсон дар соҳаи меҳнат
Мутобиқи санадҳои байналмилалӣ 6 номгӯй ҳуқуқҳои асосии инсон дар соҳаи меҳнат муайян шудаанд: ҳуқуқ ба меҳнат; баробарҳуқуқӣ дар меҳнат; ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ; ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор