Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кормандонро дар муқоиса бо қонунҳои меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат мебошанд, бад кунанд ва санадҳои меъёрии локалӣ низ вазъи кормандонро дар муқоиса бо шартномаи коллективӣ ва созишномаҳо наметавонанд бадтар кунанд; чорум, шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии локалӣ бояд хусусиятҳои истеҳсолот, шароити он, табиат ва намуди корфарморо бо назардошти имкониятҳои иқтисодии он инъикос кунанд.

2.4. Амали меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнат (сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнат) дар замон, макон ва нисбати шахсон

Амали қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии меҳнат ба вақти эътибор пайдо кардани онҳо ва ба лаҳзаи аз даст додани қувваи ҳуқуқиашон алоқаманд аст.

Мувофиқи моддаи 14 КМ ҶТ муҳлате, ки бо он Кодекси меҳнат оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рӯзи дигари баъд аз санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешавад. Муҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири муҳлат ба охир мерасанд. Ба муҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рӯзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рӯзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд. Агар рӯзи охирини муҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ

пешина
аз 496
навбатӣ