Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

кафолати хизматчии давлатӣ дар мавриди барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ (моддаи 35), музди меҳнати хизматчии давлатӣ (моддаи 36), собиқаи хизмати давлатӣ (моддаи 37), рухсатии хизматчии давлатӣ (моддаи 39), тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии хизматчиёни давлатӣ (моддаи 42) пешбинӣ гардидааст, ки муқаррароти мазкур илова ба меъёрҳои КМ ҶТ бо назардошти махсусияти меҳнати хизматчиёни давлатӣ муносибатҳои меҳнатиро бо онҳо танзим менамоянд.

Дар КМ ҶТ муқаррар гардидааст, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Ҳама корфармоён, яъне шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии моликияташон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои вобастаи меҳнат бо кормандон, ӯҳдадоранд муқаррароти қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатро риоя кунанд, ки ин меъёр дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҷассум ёфтааст.

Қоидаҳои муқаррарнамудаи КМ ҶТ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба муносибатҳои меҳнатӣ бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

пешина
аз 496
навбатӣ