Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа
Принсипи иҷрои уҳдадории тарафҳои шартномаи меҳнатӣ оид ба риояи шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ. Тибқи он аз ҷумла ҳуқуқи корфармо аз кормандон талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ва истифодаи дурусти амволи корфармо ва ҳуқуқи кормандон аз корфармо талаб кардани иҷрои уҳдадориҳои худ дар назди кормандон, риояи қонунҳои меҳнат ва дигар санадҳои дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат мебошад, ки дар бисёр меъёрҳои КМ ҶТ инъикос шудаанд. Корманде, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ фаъолият мекунад, бояд қоидаҳои дохилии меҳнат ва интизоми меҳнатро риоя кунад, амволи корфарморо эҳтиёт кунад ва дигар вазифаҳоро иҷро кунад. Корфармо ҳуқуқ дорад аз корманд иҷро кардани уҳдадориҳоро талаб кунад, дар сурати гунаҳкорона иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо ҳуқуқ дорад ӯро ба ҷавобгарии интизомӣ ва дар сурати зарар ба амволи корфармо ба ҷавобгарии моддӣ кашад.
Корманд ҳуқуқ дорад иҷрои уҳдадориҳои корфармо, пеш аз ҳама риояи қонунҳо оид ба меҳнат ва дигар санадҳои дорои меъёрҳои ҳуқуқии меҳнат, иҷрои шартномаи коллективӣ, созишномаҳо, қоидаҳои дохилӣ ва дигар шартҳои шартномаи меҳнатиро талаб намояд. Агар корфармо вазифаҳои худро иҷро накунад, корманд ҳуқуқ дорад ба суд оид ба ҳимояи ҳуқуқи поймолшуда ё ба иттифоқи касаба ва ё ба мақомоти ваколатдори назорати қонунҳои меҳнат барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худ муроҷиат кунад. Вай инчунин, ҳуқуқҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё