Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

1.2. Предмети ҳуқуқи меҳнат

Тавре ки маълум аст ҳар як соҳаи мустақими ҳуқуқ предмети танзими худро дошта, маҳз бо ҳамин шарт доираи танзими он муайян мегардад, аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ фарқ мекунад ва дар заминаи он ба такроршавӣ ва дуҳурагӣ дар татбиқи функцияҳои соҳаҳои ҳуқуқ роҳ дода намешавад.

Дар адабиёти илмӣ таърифҳои гуногуни предмети ҳуқуқи меҳнат оварда шудааст6.

Дар ҳама маврид асоси предмети ҳуқуқи меҳнатро муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба меҳнат ташкил медиҳанд. Илова бар ин ба предмети ҳуқуқи меҳнат дигар муносибатҳои ҷамъиятии бевосита ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманд низ марбут дониста мешаванд.

Бо назардошти ин, предмети ҳуқуқи меҳнат аз ду гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятӣ иборат мебошад: муносибатҳои мушаххаси меҳнатӣ ва муносибатҳое, ки бевосита ба онҳо алоқаманданд. Ҳамаи онҳо ба як низоми муайяни муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, ки ба ягонагии предмети соҳа асос ёфтаанд, мутаҳид мегарданд. Муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ унсури марказии он

6 Ниг.: Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ). Душанбе. «Сино» - 2006; Трудовое право: учебник для прикладного бакалавриата, под редакцией В.Л.Гейхмана- 2-е изд., перераб. и доп.- Москва: Издательство Юрайт, 2019-382 с.; Российское трудовое право: Учебник /Под ред. А.Д.Зайкина. -М., 1997. - С.10-12.; Трудовое право России /Под ред. А.М.Куренного. -М.: Юристь, 2004. -С.24.

пешина
аз 496
навбатӣ