Зеҳн
Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он меъёрҳои қонунгузории меҳнат ва муносибатҳои байни корманд ва корфармо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 17 октябри 2026 · 496 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ӯҳдадориҳои ҳам корманд ва ҳам корфармо, ки ба ҳамаи кормандон ва корфармоён хос буда, доираи рафтори онҳоро муайян мекунанд.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатии аз ҷониби тарафҳо басташуда имконият фароҳам меорад, ки шартҳои ин шартнома (пеш аз ҳама он шартҳое, ки тарафҳо муайян мекунанд) ва мундариҷаи муносибатҳои меҳнатии бамиёномада муайян карда шаванд.

Маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъективӣ мазмуни ҳуқуқии муносибатҳои меҳнатиро нишон медиҳад. Ҳуқуқи субъективии корманд ба ӯҳдадории қонунии корфармо ва баръакс, ӯҳдадории корманд ба ҳуқуқи корфармо мувофиқ аст.

Муносибатҳои меҳнатӣ, чӣ тавре ки қайд шудааст, яъне аз маҷмӯи ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои меҳнатӣ иборатанд. Ин як муносибати мураккаб, табиӣ вале ягона мебошад. Ҳамин тариқ, корманд ва корфармо дар сурати мавҷуд будани муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки дар асоси он ба вуҷуд омадаанд, ҳамеша ҳуқуқҳои худро истифода мебаранд ва ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунанд.

Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои корманд ва корфармо дар моддаҳои 18 ва 19 КМ ҶТ мушаххас пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, тибқи қисми 1 моддаи 18 КМ ҶТ корманд ҳуқуқ дорад:

  • ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи КМ ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
пешина
аз 496
навбатӣ