Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Раҳм кунед, он рӯз ягона фарзанди дилбандам касал ва дар дами марг буд. Бинобар ин…
Ҳазрати Азроил буруташро меҷунбонад. Мункар ва Накир
– дукаса гурзи гаронро бардошта ва дар болои сарашон чарх занонида:
– Ана ба ту ҷазою сазои «бинобар ин», маҳмадонои ҳаромӣ! – гӯён ба фарқи сари мусулмон чунон мезананд, ки ҷисми вай гард-гард шуда ва пош хӯрда то ба ҳафт иқлим парешон мешавад. Малоикаҳо заррачаҳои пайкари ӯро дар як он ҷамъ меоваранд, садое аз боло ба гӯш мерасад, мусулмон аз нав ба шакли пештараи худ бармегардад.
Мункар ва Накир саволи худро такрор мекунанд, аммо он мардак ин дафъа ба ҷои посух «Тавба! Тараҳҳум» гӯён ба тарзе ки муаззини каъбатуллоҳ мекунад, ин калимаҳоро ба зарби сусти суруди мотамоҳанге кашол дода месарояд…
Аз гармои тоқатфарсо ва нафаси одами бисёри арақин маро ғанаб бурдааст. Каъбатулло аз фарш то ба нӯги манораҳо ҳама аз санги мармар аст. Дар даққи ҳаво ҳарам ба як воситаи айёнии ривоятҳои оид ба ҷаҳаннам мубаддал мешудааст.
Тағоиям мегуфт, ки дар каъбатуллоҳ санги муаллақ ҳаст. Бо қудрати худо дар миёни замину осмон муаллақ меистад. Пагоҳӣ ҳаҷаруласвад, яъне санги муқаддасро дидам, ки дар тоқч аи худ аз бӯсаи фаровони ҳоҷиён болида, боҳаловат мехобид.
Пас, санги муаллақ дар куҷо бошад, гӯён ба чаҳор тараф чашм медавондам. Баъзе мегуфтанд, ки санги муқаддас не, балки худи каъба муаллақ меистад. Аммо дар ҳайати хонаи худо чизе набуд, ки ин даъворо тасдиқ кунад.
Аз Исрофил пурсидам.
– Худам ҳам зеҳн монда гаштаам, – гуфт ӯ ва дигар чизе напурс гуфтагӣ барин карда, гӯш ба сӯи радио дошт.

пешина
аз 247
навбатӣ