Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Умраш дар ғарибӣ бе зану фарзанд, бе хонаву ҷой дар хизмати беподош мегузаштааст. Воқеан, баҳои умре ки ӯ гузаронидаасат, дар мӯи сари ҳанӯз ҷингалаи бармаҳал сафедшудааш, дар чинҳои амиқи пешонӣ ва гирди лаб, дар чашмони фурӯнишастаи маҳзуннигоҳаш акс ёфта буд.
То ба ҳамин наздикиҳо дар Маккаи мукаррама рӯзҳои иди қурбон бозори ғуломфурӯшӣ авҷ мегирифт. Тоҷирони корчаллон аз қабилаҳои мусулмони зангиён, ҳабашҳо ва барбариёни Африқо гумроҳони зиёдеро ба баҳонаи ҳаҷ ба ин ҷо меоварданд. «Хонаи оллоҳро зиёрат кунӣ, аз биҳишт ҷой мегирӣ»
гуфта меоварданду ба ягон саиди давлатманд фурӯхта мерафтанд.
Ҳоло ғуломфурӯшию ғуломдорӣ дар рӯи олам расман манъ шудааст ва ҳукумати аълоҳазрат низ тантанавор эълон кардааст, ки ин гуна бешарафӣ дар Арабистон ҷой нахоҳад дошт…
Моро ба зиёрати кӯҳи муқаддаси Арафот бурданд. Роҳбаладамон саид Абдулкарим қуттии холии консерваро ба нӯки ходае бардошта, ба пеши гурӯҳ афтод. Барои он ки мардум дар зиёратгоҳ роҳгум назананд, ҳар як роҳбалад ё чатр, ё рӯймол, ё пӯстакеро байрақвор ба сар бардошта меравад, то ки ҳидоятшавандагон ливои гурӯҳи худро аз дур ҳам дида тавонанд ва бо ҳоҷиёни дигар наёмезанд.
Байрақи гурӯҳи мо қуттии консерваи ананас буд, ки аз Индонезия омадааст.
Нидоҳои «лаббайка, оллоҳумма, лаббайк!» ва дигар калимот дар фазои дашти пурхайма ғулғула меандохт. Аз дур, тақрибан дар масофаи се чақрим силсилаи теппакӯҳе намудор буд. Дар доманаи он теппае буд, ки мо ба сӯи он мерафтем.
Мувофиқи нақли донишмандон, як вақтҳо ҳазрати Одам ва завҷаи эшон – ҳазрати Момо Ҳаво баъди чандин ҳазор соли ронда шуданашон аз ҷаннат дар болои ҳамон теппа ба висоли якдигар расидаанд.
Роҳи васеи асфалтпӯш аз равуокунандагон, аз одамони навҳакаши обу арақ пахшкарда ба андозае пур буд, ки дар баъзе қитъаҳо чуноне ки дар атрофи каъба мекардем, китфзанон ва аз дасту домани якдигар кашолакунон ба худ роҳ мекушоем.

пешина
аз 247
навбатӣ