Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қариби бегоҳӣ фаҳмидам, ки давутози онҳо бо вазифаи аслиашон заррае муносибат надоштааст: сайёраҳои ёрии таъҷилӣ хизмати таксиро ба ҷо оварда, пул кор мекардаанд.
Муаллими яманӣ дуои арафотро ба мо бори саввум такрор кунонида, ба ҳарамаш даромад. Пойҳои худро ба ҳар тараф ёзонида – азбаски девори хайма такягоҳ шуда наметавонад – ба пушти арақшори ҳамдигар такя карда менишастем. Нафаскашии аксари мо ба нафасгирии мурғони ташналаби дар офтоби дақ аз ҳолрафта шабоҳат дошт.
Гадое аз даромадгоҳи хайма сар халонида, ба забони арабӣ дуои дурударозе кард ва садақа пурсид. Исрофил тангае дод.
Муаллими яманӣ аз паси пардааш даст бароварда, ду дона банён дод. Аз саҳар инҷониб тахмин шаст-ҳафтод нафар гадо омада буд. Садақа мегирифту мерафт. Ин зот бошад, то даме ки ҳама як чиз садақа накарданд, вазъияти худро тағйир надода ва бо навбат ба ҳар кадоми мо чашми талаб дӯхта истод. Ба ман, ки ду куруш дода, акнун хотирҷамъона сигарета мекашидам, ишора намуд, ки ба ӯ низ сигарета бидиҳам. Диккак нишаста сигаретаро оташ гиронид ва як қуллоб дудро рост ба рӯи ҳамсафарони ман пуф карда, чизе гуфт. Мо нафаҳмидем.
Саволашро такрор намуд. Муаллими яманӣ аз паси парда ҷавоб гардонид ва ман аз байни як ҷумла фақат калимаи «Русия»-ро фаҳмидам.
Гадо чун ҷавоби ӯ бишунид, бо ғазаб аз ҷо бархоста, нафратолуд ба сӯи мо доман афшонд. Мо даҳонҳои худро яла карда мондем.
– Русия? – ришхандомез гуфт гадо ҳамаи моро бо даст нишон дода.
– Русия! – хитоб кард Исрофил ҳам ба иддао ба ӯ рӯй оварда.
– Русия, – такрор намуд гадо ва ба худ қиёфаи турши ҳазаромезе гирифта, сигаретаро ба ҳаво бардошта ба замин зад ва бо ҳаракати асабонии пойҳо онро лагадмол намуд.
– Гум шав! – фарёд кашид Исрофил дар ҳолате ки аз ҳаяҷон меларзид. – Дафъ шав-е дар… – мутаваллии масҷидҳо дашноме дод, ки аз даҳони ӯ шунидани чунин ҳақорати чаҳорошёнаи пардознокро ҳаргиз чашм надоштам.

пешина
аз 247
навбатӣ