Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа
Хусусан автобусҳои дабанг ва автомобилҳои калон калони боркаши Туркия бо ғурришу тақарроси баланде ва бо шасти зиёд гузашта мерафтанд. Ба боми автобус, паҳлуҳои сайёраҳои боркаш аз се-чаҳор то ҳафт-ҳаштогӣ бӯчкаҳои оҳани обу бензин баста буданд. Ба пешу паси аксари автобусҳои Туркия бо ҳарфҳои лотинӣ ва арабӣ «Раис оғлу» навишта мондаанд. Яқин, ҷаноби Раис оғлу дар он ҷо соҳиби ягон ширкати калони нақлиёт будааст.
Аз болои рег, аз байни буттаҳои явшону янтоқ қадам мондан душвор аст, бинобар ин Исрофил ҳар замон ба канори роҳ мебарояд ва ман ӯро аз бероҳа пас мекашам.
– Ҷӯраҷон, аз нуқтаи назари тиб, ба таки пои уштуре мондан авлотар аст, назар ба туъмаи чархи автомобил шудан.
Ҳарчанд, ки автомобил моли оғои олинасаб Раис оғлуст.
– Рост мегӯӣ, ҳоҷӣ. Ба хона зинда баргаштан аз ҳама афзалтар аст.
Ҳаво торик шуд, осмон аз паси пардаи ғафси ғубор ҳамчунон ба назар наменамуд. Ба дарае расидем ва ҳамаи савораҳо пиёда шуданд ва дар саҳрои торик пароканда гардиданд.
Ба мо низ гуфтанд, ки барои маросими фардоина сангча бичинед. Дар Минои муборак се ҳайкали шайтони лаин ҳаст. Аз рӯи қонуни ҳаҷ ҳоҷиён аз ҳамин дара ҳар кадоме 63 донагӣ сангча чида, дар давоми се рӯзи дар Мино буданашон бо он сангчаҳо ба сари иблис мекӯбанд.
Дар торикӣ заминро палмоскунон сангча мечидам, ки садои Искандар ба гӯшам расид.
– Ҳой духтури хизматнишондода, иҷозат диҳед аз шумо як чиз бипурсам.
– Марҳамат, эй гӯшанишини хонаҳои торики рентген! Эй донишманди беназири устухонҳо ва эй тадқиқотчии бузурги санги масонаву сангчаи ҷигарҳо! Марҳамат, бипурсед.
– Лутфан, бигӯед, ки дар ин торикӣ чаро бо бинии мубораки худ ба замин хат мекашед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё