Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ОИД БА ХОБ, АБАДИЯТ ВА ДИГАР
МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

Ҳанӯз ба замини Қоҳира нафаромада, сардорамон гуфтанд, ки ба ҳар тараф парешон нашуда, дар як ҷо нишинем. Марди ғафси чорпаҳлуе, ки аз фармонфармоияш амалдори аэропорт буданаш аён буд, моро ба пешгоҳи зали калоне ҳидоят намуд.
Қориака пешопеши гурӯҳ мерафтанд. Ин кас марди хушандоми сафедрӯй буда, қади аз миёна баландтаре доранд. Саллаи сафеди абрешимини басо хушрӯй ва нозук басташуда, ҷомаи нави зарбофт бо шими чучунҷаи наботиранг ва туфлии локии нафисашон ба ҳам шинам афтода, ба қиёфаи роҳбари мо ҳам савлати хосси рӯҳониёни тақводор, ҳам андаке тобиши олуфтаёнаи ҳозиразамона додааст.
Аз дунболи он кас тарҷумони гурӯҳ, донишманди забон, адабиёт ва таърихи араб Абдусамадака, баъд чор нафар мӯйсафедони саллаву ҷомадор ва аз паси онҳо ҳоҷиёни миёнсол мерафтанд, ки либоси ҳозиразамону қадимаро ба ҳам омехта дар бар карда ва тӯпиҳои чустӣ, гулдӯзӣ ё махмалии қазонӣ пӯшидаанд.
Бори нахуст буд, ки ин қадар аҷнабиёни гуногунзабонро якбора медидам. Азбаски ҳама аз фуруд омадани самолёти советӣ огоҳ буданд, ба ҳамсафарони ман бо назари синчакоронаи тааҷҷубомез менигаристанд. Фақат ба камина касе аҳамият намедод, зеро мӯйсар доштам, ба китфам фотоаппарат овехта будам ва дар танам ҳамон либосе буд, ки одатан дар Душанбе мепӯшидам.
Дар атрофи Қориака ҳалқа гирифта нишастем. Қориака бори савум ба ҳаҷ мераванд. Миср, Лубнон, Сурия ва Арабистони Суудиро хуб медонанд. Ҳоло дар бораи Ал-Азҳар – донишкадаи динии Қоҳира нақл мекунанд, ки дар он зиёда аз ҳаштод ҳазор кас мехонад. Ал-Азҳар бузургтарин мадрасаи динии олами ислом аст ва барои ҳамаи мамлакатҳои исломия ходимони дин тайёр мекунад. Тарҷумони мо Абдусамадака чанд сол пеш ҳамин донишкадаро хатм карда, мударриси Мири Араб таъйин шудааст.

пешина
аз 247
навбатӣ