Зеҳн
Дар он дунё

Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 247 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба қавли китобҳои муқаддас, ҷонварҳои қурбоншуда фардо қиёмат ба соҳибонашон хизмати хубе хоҳанд кард. Ҳар кадоми онҳо шахси қурбонкардаро аз байни лаки дар лак мусулмонони ба даргоҳи парвардигор ҳозиршуда шинохта мегирад.
Сонӣ соҳибашро савор карда, аз пули сирот, аз болои оташи дӯзах ба тарафи ҷаннат гирифта метозад.
Пули сирот аз қил борику аз дами шамшер тезу аз оташ сӯзонтар будааст. Дар чунин шароит қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳияи ҷонвари саворӣ роли муҳимме бояд бозад. Зеро ба замми он ки роҳ борику хатарнок аст ва дар поён дар қаъри ҷаҳаннам миллионҳо мору каждуму аждарҳо даҳони худро мунтазири луқмаҳои болаззат кушода бетоқатона ин сӯву он сӯ мехазанд, ба замми ин роҳ бениҳоят дароз аст: мусулмони аз гурзи Мункар ва Накир, аз шаттаву шаллоқи ҳазорон малоикаҳо халосхӯрда бояд акнун даҳ ҳазор сол бо пули сирот рӯ ба фарозӣ роҳ паймояд, баъд даҳ ҳазор сол рост биравад ва даҳ ҳазор соли дигар рӯй ба нишебӣ фарояд.
Дар «Меъроҷнома»-дар ин достони саргузашти пайғамбар ва азобу уқубати рӯзи маҳшар гуфта мешавад, ки ҳар як рӯзи он дунё ба ҳазор соли ин дунё баробар аст.
Ман бо чӯбчае ба замин хат кашида, ин 30 ҳазор сол, яъне ҳамаи муддати гӯсфандсавориро ба ҳисоби рӯзу моҳи он дунё гардондам. Мусулмони бечора аз болои пули сирот савори гӯсфанд 3.996.750.000.000. рӯз роҳ мепаймудааст. Се триллиарду нуҳсаду наваду шаш миллиарду ҳафтсаду панҷоҳ миллион рӯзи роҷеъулнақд!
Кайф кайфи одами бесавод ё чаласавод, ки чӣ будани ин рақамро намедонад. Агар ӯ медонист, ки дар ин дунё заррае гуноҳ содир накунад ҳам, дар он дунё ҳатман даҳ миллиарду нуҳсаду панҷоҳ миллион сол гӯсфандсаворӣ мекунад, ҳанӯз ба олами равшан наомада, аз дидори ҳар ду дунё безор мешуд.
Исрофил омад, пурсидам:

пешина
аз 247
навбатӣ